ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТ ЗИЁД КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Ҷамъияти саҳҳомии «Иттиҳодияи истеҳсолии Тоҷиктекстил» ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотиро сол то сол зиёд менамояд. Ба қарибӣ дар фабрикаи дуюми калобаресии иттиҳодия бо маблағи корхонаи «Русский алянс» — и шаҳри Твери Русия корхонаи муштарак бунёд карда шуд. Аз раёсати саноати сабуки вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар корхонаи нав таҷҳизоти зарурӣ насб карда, тадриҷан ба кор дароварда мешавад. Мутахассисони шаҳри Твер ба ҳамкасбони тоҷиконашон роҳу усулҳои истифодаи дастгоҳҳо ва технологияи навро меомӯзанд. Дар корхона дар давоми сол 4 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол карда мешавад. Маҳсулоти корхона ба вилояти Твер фиристода хоҳад шуд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






