14 НАФАР АЗ ВАЗИФА САБУКДӮШ ШУДАНД

Апрель 24, 2009 13:50

                 Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).-«Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2009 дар вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ 255 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида, 13,9 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карданд», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 24 апрел, директори Агентии мазкур Салимзода Шерхони Одина.                  Ӯ афзуд, ки аз маблағи умумии зарар, камомад ва азхудкунии маблағҳо ва ашёҳои арзишнок 2,6 миллион сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 8,1 миллион сомонӣ, хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ 1,3 миллион сомонӣ ва маблағи кам ҳисобгардида ва руйпӯш намудаи андозҳо 1,7 миллион сомониро ташкил медиҳанд.                  Инчунин, дар рафти тафтишу санҷишҳо аз ҳисоби зарари расонидашуда 6,8 миллион сомонӣ барқарор карда шуд, ки он ба 48,6 фоизи зарари ошкоргардида баробар мебошад. Назар ба ҷамъбасти соли 2008 барқароркунии зарар қариб 14 фоиз зиёд гардидааст. Аз ин маблағ 2,6 миллион сомонӣ ба буҷети давлат ва 4,2 миллион сомонӣ ба корхонаву муассисаҳои давлатӣ барқарор карда шуд.                 Дар баробари зарари молиявии барқароркардашуда, дар натиҷаи чораҷӯии мутахассисони Агентӣ аз ҳисоби бақияпулиҳои андоз ба буҷет 1,2 млн. сомонй ворид карда шуд. Инчунин дар ҳисоботҳои корхонаю муассисаҳои давлатии ҷумҳурй зиёдомади воситаҳои пулӣ ва молу маводҳои арзишдор ба маблағи 1,2 миллион сомонӣ ба даромад гирифта шуданд.                  «Натиҷаи тафтишу санҷишҳои молиявӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва корхонаву муассисаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, муҳокимаи пешниҳодҳои ирсолгардида бо иштироки кормандони Агентӣ сурат гирифтанд. Дар натиҷа 403 нафар шахсони масъул барои камбудиҳои содиркардаашон ҷазои интизомӣ ва моддӣ гирифта, 14 нафари онҳо аз вазифаашон сабукдӯш шуданд», — тазаккур дод Салимзода Шерхони Одина.                   Мавриди зикр аст, ки дар ин муддат аз ҷониби сохторҳои Агентӣ 175 ҷиноятҳои коррупсионй ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор шудааст, ки аз ҷумлаи онҳо 68-тоашро ҷиноятҳои дуздӣ бо роҳи азхудкунӣ, исрофкорӣ ва қаллобӣ, 32 адад ҷиноятҳои вобаста ба порахурӣ ва ришваситонӣ ташкил медиҳанд.

Апрель 24, 2009 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд