АҲВОЛУ ОСОРИ ИРОҚӢ ДАР ДУШАНБЕ НАШР ШУД
Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Ҷустуҷӯ дар аҳвол ва осори Ироқӣ».Чунин ном гирифтааст китоби устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Бадриддин Мақсудов, ки онро нашриёти «Пайванд»-и Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсии Сафорати Эрон дар Душанбе бо теъдоди 500 нусха ба тозагӣ аз чоп баровард. Дар китоби мазкур адабиётшиноси тоҷик Бадриддин Мақсудов доир ба паҳлӯҳои гуногуни осор ва аҳволи Шайх Фахруддини Ироқӣ ибрози назар кардааст. Ин аввалин рисолаи ҷомеъ аст, ки ба таҳлилу баррасии илмии ҳамаи осори манзуму мансури Шайх Ироқӣ бахшида шудааст. Шайх Фахруддини Ироқӣ (1213-1289) аз зумраи шоирону нависандагони бузурги орифи қарни 13-и форсу тоҷик буда, бо фаъолияти пурсамари эҷодиаш дар рушду густариши адабиёти классикии форс-тоҷик нақши муассир гузоштааст. Китоб барои доираи васеи адабиётшиносон, донишҷӯён ва кулли хонандагон тавсия карда мешавад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






