АБДУЛЛО ГУЛ БА ТОҶИКИСТОН ТАШРИФ МЕОРАД

Апрель 22, 2009 13:17

                 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатии Ҷумҳурии Туркия Мустафо Саид Язиҷиоғлуро ба ҳузур пазируфт.                 Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар дар партави сафари пешомади Президенти Туркия Абдулло Гул ба Тоҷикистон баррасӣ шуд.                 «Мо аз сатҳи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркия ва рушди пайвастаи онҳо қаноатмандем», — изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон таъкид бар он дошт, ки натиҷаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар ба имкону захираҳои мавҷуда мувофиқат намекунанд.                 Ҳамчунин изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари пешомади Президенти Туркия Абдулло Гул ба Тоҷикистон таконбахши ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар хоҳад шуд.                 Ҷоннок намудани фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва Шӯрои соҳибкории ду кишвар зарур шумурда шуд.                 Таъкид гардид, ки таҳкиму густариши ҳамкориҳо дар бунёди иншооти гидроэнергетикӣ, роҳҳои оҳану мошингард, корхонаҳои муштараки саноатӣ ва муассисаҳои тиҷоратию хизматрасонӣ ва рушди туризм дар Тоҷикистон барои ҳарду ҷониб судовар хоҳанд буд.                 Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин атрофи имконоти рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илму фарҳанг ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Апрель 22, 2009 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад