БӮҲРОНИ ҶАҲОНИИ МОЛИЯВӢ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ИҚТИСОДИЁТИ ҶТ
Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар семоҳаи якуми соли ҷорй бинобар сабаби бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ коҳиш ёфт, ки пеш аз ҳама ба поён рафтани нархи молҳои содиротӣ ва фурӯши онҳо, кам гардидани интиқоли асъор аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ, пастравии воридоти мол ва истеҳсоли он дар дохили кишвар ва хизматрасониҳо таъсири манфӣ расонид. Ин нуқтаро зимни нишасти матбуотӣ 14 апрел, вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов таъқид намуд. Сафаралӣ Наҷмиддинов паҳлӯҳои гуногуни таъсири ин бӯҳронро шарҳ дода, зикр намуд, ки дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ паст шудани қурби пули миллӣ — сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 11 фоизро ташкил дода, нишондиҳандаҳои гардиши савдои беруна нисбат ба ҳамин давраи соли гузошта 22,4 фоиз паст гардидаанд. Меъёри тавварум ба 1,2 фоиз баробар шуда, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба Буҷети давлатӣ аз ҳамаи манбаъҳои даромад 977,1 миллион сомонӣ ворид гардид ва иҷроиши он ба андозаи 86,4 фоиз таъмин гардид. Мавриди зикр аст, ки даромадҳои ҷории Буҷети давлатӣ бошад дар ин давра ба андозаи 84,7 фоиз таъмин гардида, ба он 846,2 миллион сомонӣ ворид гардид, ки ин нисбат ба нақша 153,4 миллион сомонӣ кам аст. Дар давоми се моҳи аввали соли равон танҳо аз ҳисоби фурӯши алюминий 80 миллион сомонӣ ба буҷа нисбат ба нақшаи пешбинишуда кам ворид гардид. Бо вуҷуди ин, ба соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аз ҳисоби маблағҳои грантӣ ва қарзии ташкилотҳои байналмилалӣ 81 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ қариб 50 миллион сомонӣ равона гардид. Вазири молияи ҷумҳурӣ мӯътақид бар он аст, ки дар ҳолати имрӯзаи бӯҳрони молиявию иқтисодӣ таъмини даромаднокии буҷет аз фаъолияти самараноки бахши реалии иқтисодиёт вобаста аст. «Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай дар моҳи декабри соли сипаригардида Нақшаи чорабиниҳоро оид ба пешгирии бӯҳрони молиявӣ ва паст намудани шиддати он тасдиқ карда буд. Дар аввали соли ҷорӣ, бо дарназардошти тағйир ёфтани вазъи иқтисодӣ, ин чорабиниҳоро такмил дода, Барномаи сиёсати андоз ва буҷетро ҷавобан ба таъсири бӯҳрони молиявӣ қабул кард ва онро ба ташкилотҳои молиявии байналмиллалӣ ва давлатҳои донор барои ҷалб намудани захираҳои молиявии бебозгашт барои дастгирии буҷет пешниҳод намуд», — идома дод С. Наҷмиддинов. Бояд гуфт, ки имрӯз Созишномаи молиявӣ бо Бонки ҷаҳонӣ оид ба ҷудо намудани 20 миллион доллари ИМА барои дастгирии буҷет ба имзо расида, барои ҷалб намудани маблағҳои грантӣ дар ҳаҷми 40 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби Бонки рушди Осиё ва 12 миллион доллари ИМА аз ҳисоби Иттиҳоди Аврупо гуфтушунид идома дорад. Дар баробари ин, дар доираи барномаи мазкур ҷалби маблағгузорӣ ва тадбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии амалкунанда ва захираҳои иловагии молиявӣ барои рушди соҳаи иқтисодиёт, дастгирии буҷет ва системаи бонк — 1,7 миллиард сомонӣ, таъмин намудани маблаггузории ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, варзиш ва давом додани ислоҳоти музди меҳнати кормандони ин соҳаҳо 2,4 миллиард сомонӣ мавриди амал қарор дода мешаванд. Инчунин, дар доираи барномаҳои зикршуда дастгирии соҳаи кишоварзӣ — 353 миллион сомонӣ, ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ барои дастгирии ситемаи бонкӣ ба маблаги 180 миллион сомонӣ, тамдид намудани мӯҳлати қарзҳои ҷудогардидаи соли 2008 ба системаи бонкӣ ва хоҷагиҳои пахтакор ба маблаги 71,0 миллион сомонӣ, дастгирӣ намудани соҳибкории хурду миёна 40 миллион сомонӣ, аз ҷумла, ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок тавассути Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маблағи 11 миллион сомонӣ ва ғайраҳо амалӣ мегарданд. Бояд гуфт, ки маблағгузории вазорату идораҳо ва буҷетҳои маҳаллӣ аз ҳисоби хароҷотҳое, ки имрӯз аҳамияти аввалиндараҷа надоранд кам карда шуда, ин хароҷотҳо ба мӯҳлатҳои оянда бо дарназардошти мӯътадил гардидани ваъзияти молиявӣ гузаронида мешаванд. Аз ин лиҳоз, Вазорати молия лоиҳаи Қонунро оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» омода намуда, рӯзҳои наздик ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод менамояд. «Азнавтақсимкунии ҳамаи захираҳои молиявии мавҷуда, бо дарназардошти равона намудани онҳо ба соҳаҳои афзалиятноке, ки пеш аз ҳама ба паст намудани шиддатнокии таъсири бӯҳрони молиявй дар ҷумҳурӣ ва мӯътадилии иқтисодиёт мусоидат мекунанд, амалй мегардад», — тазаккур дод С. Наҷмиддинов. Қобили қайд аст, ки новобаста аз ин, Вазорати молия ва кормандони мақомоти молия иҷроиши Буҷети давлатиро аз руи воқеъияти имрузаи иқтисодиёт таъмин намуда, ҷиҳати паст намудани таъсири шиддати бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон чораҳои таъхирнопазир меандешанд.