БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТОЛИБИЛМОН ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Конференсияи ҷумҳуриявии «Иштироки толибилмон дар идоракунии донишгоҳ» имрӯз, 28 апрел дар Душанбе баргузор мегардад. Чорабинии мазкур бо ташаббус ва сарпарастии Вазорати маорифи ҶТ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Барномаи «Мусоидат ба таҳсилоти олӣ»-и Институти «Ҷомеаи Кушода» -и Тоҷикистон барпо мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Институти «Ҷомеаи Кушода» — Тоҷикистон хабар доданд. Конференсияи «Иштироки донишҷўён дар идоракунии донишгоҳ» ба толибилмони мактабҳои олии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки малакаи худро дар кори илмию тадқиқотӣ дар соҳаи идоракунии соҳаи маориф инкишоф диҳанд. Дар конференсия 20 маърўзаи донишҷўён аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе, ки дар озмуни моҳи марти соли 2009 гузарондаи Барномаи «Мусоидат ба таҳсилоти олӣ»-и Институти «Ҷомеаи Кушода» -и Тоҷикистон ғолиб омадаанд, шунида мешаванд. Ҳайати ҳакамони мустақил, ки аз намояндагони макотиби олӣ иборат мебошад, маърўзаҳои муҳаққиқони ҷавонро арзёбӣ намуда, 3 маърўзаи беҳтаринро бо мукофотҳои махсус — компютер сарфароз мегардонанд.








Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд






