БО ВУҶУДИ ТАЪКИДҲО, ТАЪМИНИ БАРҚ 40 ФОИЗ КАМ ГАРДИД
Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои ҷонишини раиси шаҳри Душанбе Абдусаттор Сулаймонов, таъмини барқ барои сокинони шаҳри Душанбе дар тирамоҳу зимистони соли 2008-2009 нисбат ба ҳамин давраи солҳои 2007-2008 ба қадри 44 фоиз коҳиш дода шуд. Ин мавзӯъ дар иҷлосияи 17-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати сеюм аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев мавриди интиқоди сахт қарор гирифт. Шаҳрдорӣ нисбат ба ваъдаҳои иҷронашудаи ҶСШК «Барқи тоҷик» дар бораи таъмини аҳолии пойтахт бо барқ изҳори нигаронӣ намуд. Бо супориши раиси шаҳр дар мавриди талаф наёфтани нерӯи барқ дар муддати кӯтоҳтарин васл намудани ҳисобкунакҳои барқӣ сахт таъкид гардид. Алҳол дар тамоми корхонаю хонаҳои истиқоматӣ 16 ҳазор ҳисобкунакҳои барқӣ васл карда шудааст ва то охири сол бояд ба 165 ҳазор расонида шавад.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






