БОЗДИДИ О. ОҚИЛОВ АЗ МАҲАЛЛИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР ХУРОСОН

Апрель 25, 2009 10:26

                 Душанбе, 25 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гурўҳи кории ҳукуматӣ бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов аз маҳалли офати табиии дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, боздид ба амал овард.                  Зимни боздид муаяйн шуд, ки бар асари офати табиӣ зиёда аз 70 манзили истиқоматӣ, аз ҷумла 22 хона ба пуррагӣ ва боқимонда қисман зарар дидаанд.                  Ёдовар мешавем, ки бар асари боришоти зиёди шаби 21-ум ба 22-юми апрели соли равон лағжиши хоку лой аз мавзеи баланди наздикии деҳа ба вуқўъ пайваста, ба хоҷагии халқи сокинони деҳаи 18-уми партсъезди боло ва поён хисорот расонид. Гурўҳи корӣ дар маҳалли ҳодиса нахуст бо зарардидагон сўҳбатҳо ороста, аз вазъи зиндагии муваққатии онҳо дар хаймаҳо ва таъминоти аҳолӣ бо маводи аввалияи рўзгор ошноӣ пайдо намуданд.                 Сипас, бо иштироки Сарвазири мамлакат дар ҷойи ҳодиса ситоди корӣ доир гардид. Оқил Оқилов бобати рафъи бетаъхири оқибатҳои офати табиӣ ба масъулини мақомоти маҳаллӣ, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳо дода, онҳоро ҷиҳати иҷрои босифати корҳои барқарорсозӣ муваззаф намуд.  

Апрель 25, 2009 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад