ЧАРО САРВАТМАНДОН АЗ ИФШОИ НОМАШОН ХАВФ ДОРАНД?

Апрель 6, 2009 10:08

                 Душанбе, 6 апрел, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маҷаллаи молиявию иқтисодии «Форбс»-и ИМА шумораи сарватмандони калонтарин (миллиардерҳо)-и дунё ба 793 нафар баробар аст. Бар асари бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ шумораи сарватмандон нисбат ба соли гузашта кам шудааст.                Тибқи таҳлили иқтисодии ҳамин маҷалла, аз бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ аз се ду ҳиссаи миллиардерҳои Россия зарар диданд. Дар ин маҷалла аз 87 миллиардери дар соли 2008 будаи Россия 32 нафарашон ба рӯйхат дохил карда шудааст.                 Раиси ширкати «Майкрософт» Билл Гейтс бо вуҷуди 15 миллиард зарари молиявӣ диданаш бо 40 миллиард дар ҷои аввал, Уоррен Бафест дар ҷои дуюм ва миллиардери Мексикоӣ Карлос Салим Эллу бо 35 миллиард дар ҷои сеюм қарор доранд.                Соли ҷорӣ дар феҳрасти ин маҷалла ҷои номи сарватмандони Россия тағйир ёфта аст; Олег Дерипаска, ки дороияш беш аз 40 миллиард буд, ҳоло бо 5 миллиард дар ҷои 8-ум, Михаил Прохоров бо 14 миллиард ба ҷои аввал гузошта шуда аст. Роман Абрамович дар ҷои дуюм мебошад.                 Дар феҳрасти ин маҷала номи ягон сарватманди Тоҷикистон оварда нашудааст. Чӣ магар дар Тоҷикистон сарватмандон нестанд? .

Апрель 6, 2009 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад