Д. ДАВЛАТОВ: «РИСОЛАТИ ҲИЗБ БУНЁДКОРИЮ СОЗАНДАГИСТ»
Душанбе, 25 апрел. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-25 апрел дар шаҳри Душанбе маҷлиси машваратии ҷумҳуриявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ баргузор гардид, ки дар он раисони кумитаҳои иҷроияи вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва роҳбарону намояндагони ташкилотҳои ҳизбии шаҳри Душанбе иштирок доштанд. Маҷлисро Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мӯсо Асозода ифтитоҳ карда гуфт, ки ҳадаф аз баргузории чунин як нишаст баррасии аҳамияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани фаъолияти ташкилотҳои ҳизби ҲҲДТ дар партави Паёми сардори давлат ба парлумони кишвар мебошад. Муовини аввали Раиси ҲХДТ Давлаталӣ Давлатов дар мавзӯи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои ташкилотҳои ҲХДТ оид ба ташвиқу тарғиби ғояҳои созандаи он» сухан карда, гуфт, ки Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат вобаста ба дигаргуниҳо ва таҳаввулоти бузурге, ки имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳон ба вуқӯъ пайвастааст, равона гардида буд. Яке аз самтҳои афзалиятноки Паёми Президенти малакат ҷилавгирӣ кардан ва коҳиши бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ дар кишвар, рушди иқтисодиёти миллӣ, некӯаҳволии ҷомеа, сарфаю сариштакории нерӯи барқ дар мамлакат буд. Зикр шуд, бо мақсади коҳиш додани таъсири бӯҳрони молиявӣ дар ҷумҳурӣ Комиссияи босалоҳияти бӯҳронӣ ташкил карда шудааст ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» дар парулмони мамлакат аз нав дида баромада мешавад. Новобаста ба вазъи бӯҳронӣ дар кишвар дар соли 2008 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 2007 -ум 35 фоиз афзуд. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ дар доираи рушди соҳибкории хурду миёна 50 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд. Давлаталӣ Давлатов зикр кард, ки танҳо иқдоми ватандӯстона ва масъулиятнокии ҳар як аъзои ҳизб ва ташкилотҳои ибтидоии он метавонад ҷумҳуриро аз вазъи бӯҳронӣ раҳо намояд ва барои рушди иқтисодиёт ва некӯаҳволии ҷомеа нақши муассир гузорад. Аз ин рӯ мавсуф фаъол намудани кори ташкилотҳои ҳизбиро дар шаҳру ноҳияҳо ва маҳалҳо яке аз роҳҳои афзалиятноки раҳоӣ аз бӯҳрони молиявӣ ва пешрафти кишвар арзёбӣ кард. Вай гуфт, ки баҳри иҷрои рисолати ҳизб бояд ҳар як аъзои он дар таблиғи сиёсат, идеяҳои ҳизб , ки созандагию бунёдкорӣ ва шукуфоии сарзамин аст, мақоми арзанда ва сазоворе дошта бошанд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






