ДАР ҶАНУБИ АФҒОНИСТОН ГУРӮҲИ СИЛОҲБАДАСТОН НОБУД КАРДА ШУДАНД

Апрель 6, 2009 09:33

              Кобул, 6 апрел. (АМИТ «Ховар» — «Свобода» ). — Қисмҳои ҳарбии хориҷӣ ҳамроҳи хизматчиёни ҳарбии артиши Афғонистон рӯзҳои истироҳати гузашта дар ҷануби мамлакат дар натиҷаи як амалиёти мусаллаҳона гурӯҳи калони силоҳбадастонро нобуд карданд. Амалиёт дар вилояти Ҳилманд анҷом дода шуд. Силоҳбадастон, аз ҷумла, қумондони онҳо дар пойгоҳи низомии худ ҳадафи оташ қарор гирифтанд.              Як силоҳбасти дигар зимни ҳуҷуми гурӯҳи ҷангиён ба дастаи посбонони қувваҳои низомии хориҷӣ кушта шуд. Намояндаи ҳайати қумондонии ҷузъу томҳои низомии Амрико хабар дод, ки дар давоми чанд шабонарӯзи охир танҳо дар вилояти Ҳилманд дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона бештар аз 50 силоҳбадаст нобуд гардид. Тавре ки маълум аст, вилояти Ҳилманд дар бобати истеҳсоли маводи нашъадор дар байни вилоятҳои дигари Афғонистон яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд. Инчунин дар ин ҷо теъдоди зиёди дастаҳои мусаллаҳи ҷангиён амал мекунанд.

Апрель 6, 2009 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад