ДАР ХАТЛОН ҚОНУНИ ЗАМИНРО 915 МАРОТИБА ВАЙРОН КАРДАНД
Қӯрғонтеппа, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). Оиди риояи талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунгузориҳо доир ба замин нозирони кумитаҳои заминсозии шаҳру навоҳии вилоят Хатлон дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ 915 ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намуданд. Тавре сардори кумитаи заминсозии вилояти Хатлон Фатҳулло Ҳурматов иттилоъ дод, барои бартараф намудани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин 796 адад дастурҳо тартиб дода шудааст, ки нисбати соли гузашта 371 адад зиёд мебошад. Барои ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани вайронкунандагони қонунгузории замин 333 адад протоколҳо тартиб дода, ба маблағи зиёда аз 132 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шудааст. «Аз ҳисоботҳои пешниҳодкардаи кумитаҳои заминсозии шаҳру ноҳияҳо бармеояд, ки ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намуда, танҳо бо як бастани ҷарима корро хотима медиҳанд», — афзуд Ф. Ҳурматов.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






