ДАР ИСФАРА ФУРӮЗОНАКҲОИ АРЗОН ИСТЕҲСОЛ МЕШАВАД
Cуғд, 21апрел. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ, Мирзалӣ Амонов)-.Дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти матбуотӣ бо иштироки раиси вилоят Коҳир Расулзода баргузор гардид. Дар нишасти матбуотb оид ба ҷамъбасти семоҳаи аввали соли 2009 раиси вилояти Суғд Коҳир Расулзода изҳор дошт, ки ҷиҳати иҷрои супориши президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҶС «Чароғ»-и шаҳри Исфара истеҳсоли фурӯзонакҳои диодии камхарҷ ба роҳ монда хоҳад шуд. Алҳол дар ин самт корҳои омадагӣ оғоз шудааст. Мутаххассисон лоиҳа ва нақшаҳои технологӣ ва иқтисодии вобаста ба истеҳсоли фурӯзонакҳоро омода менамояд. Ҳамчунин соҳибкорон оид ба ташкили коргоҳҳои истеҳсоли фурӯзонакҳои диодиро пешниҳод менамоянд. Ба роҳ мондани истеҳсоли фурӯзонакҳо дар ҳудуди вилояти Суғд нисбат ба воридоти онҳо аз хориҷи кишвар якчанд маротиба арзон хоҳад шуд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






