ДАР МАКТАБҲОИ ТОҶИКИСТОН ҲУҚУҚИ ГУМАНИТАРӢ ОМӮХТА МЕША

Апрель 22, 2009 10:49

                Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Намояндагони Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ва намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Осиёи Марказӣ дирӯз дар шаҳри Душанбе дар бораи омӯхтани ҳуқуқи байналхалқии гуманитарӣ дар мактабҳои мамлакат қарордод имзо карданд. Қарордод ҳамкории вазорату идораҳои дахлдорро дар бобати омӯхтани арзишҳои инсонӣ ва асосҳои ҳуқуқи байналхалқии гуманитарӣ зимни таълими фанҳои «Ҳуқуқи инсон» ва «Тайёрии ибтидоии ҳарбӣ» ба низом медарорад. Мувофиқи ҳуҷҷати имзошуда, ҳуқуқи байналхалқии гуманитарӣ инчунин дар мактабҳои олии мамлакат омӯхта мешавад.                 Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари ҷумҳурӣ ба Вазорати маориф дар бобати беҳтар сохтани таълими ин фан дар мактабҳо бо роҳи гузаронидани семинару конфронсҳо ва озмунҳо кӯмак мерасонанд.  

Апрель 22, 2009 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд