ДАР ТОҶИКИСТОН ВЕБ-САЙТИ МАХСУСИ ҶОЙҲОИ КОРИ ХОЛӢ ТАШКИЛ МЕШАВАД
Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Бо мақсади ба даст овардани маълумоти пурра ва саҳеҳ оид ба талабот ба қувваҳои корӣ ва баланд гардонидани масъулияти корфармоён ҷиҳати саривақт пешниҳод намудани он ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ Қарори махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Дар ин қарор омадааст, ки қоидаҳои замимагардидаи аз ҷониби корфармоён пешниҳод намудани маълумот дар бораи мавҷуд будани ҷойҳои кори холӣ ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ тасдиқ карда шавад. Роҳбарони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон иҷрои муқаррароти дар Қоидаҳои мазкур пешбинишударо таъмин намоянд. Тибқи қарори мазкур Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор шудааст, ки махзани маълумот ва веб-сайти ҷойҳои кори холиро ташкил намуда, назорати иҷрои ин қарорро таъмин намояд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






