ФАЪОЛИЯТИ КОРПОРАТСИЯИ БАЙНАЛХАЛҚИИ МОЛИЯВӢ ДАР ҶТ БА ОХИР РАСИД
Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ фаъолияти худро дар Тоҷикистон дар бобати вусъат додани усули истифодаи лизинг (қарз ё иҷораи дарозмуддат) 30 апрел ба анҷом мерасонад. Фаъолияти корпоратсияи мазкурро минбаъд Ассосиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва Ассосиатсияи муассисаҳои маблағгузории хурди мамлакат давом медиҳанд. Корпоратсия ҳафтаи гузашта натиҷаҳои фаъолияти сесолаи худро дар Тоҷикистон ҷамъбаст намуд. Вай бо кӯмаки Ҳукумати Швейтсария ба муассисаҳои молиявии маҳаллӣ, ки дар барномаҳои истифодаи лизинг ширкат доштанд, ба маблағи 32,4 миллион доллари ИМА кӯмак расонда, барои ҷалби 7 миллион доллари ИМА маблағи иловагӣ мусоидат намуд. Корпоратсия дар давоми солҳои 2005 — 2008 ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар 22,8 миллион доллари ИМА — ро ҷалб намуд. Мухбири АМИТ «Ховар» зикр мекунад, ки лизинг манбаи муҳими таъминоти молиявии тиҷорат буда, дар пешрафти фаъолияти корхонаю муассисаҳои маҳаллӣ ва муҳайё намудани ҷойҳои нави кор нақши муҳим мебозад.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






