ФАРҲАНГИ ШАҲРНИШИНӢ РИОЯ МЕШАВАД?

Апрель 28, 2009 10:12

                Душанбе, 28 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 27 апрел дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир шуд.                Дар он масъулини шаҳр, раисони ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои шаҳрӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо ва кооперативҳои соҳибмулкони манзил ширкат намуданд.                Зимни баррасии масъалаҳои ҳаётан муҳим М. Убайдуллоев таваҷҷӯҳи фаъолони пойтахтро ба татбиқи дастуру ҳидоятҳои Паёми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд. Вай гуфт, ки иҷрои нуктаҳои баёнгардида, вазифаи афзалиятноки сокинони шаҳр, мақомоти маҳаллии намояндагии давлатӣ, субъектҳои хоҷагидорӣ, соҳибкорию сохторҳои хизматрасонӣ ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт қарор гирад.                Барои комёб шудан ба иҷро дастурҳои Роҳбари давлат қарор намуд, ки ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе таҳти масъулияти бевоситаи раисони ноҳияҳо бо иштироки муовинони масъули Раиси шаҳр дар ноҳияҳои пойтахт вохӯриҳои таблиғӣ доир карда шуда, баҳри иҷроиши саривақтии онҳо нақшаи чорабинии ҳар як шаҳраку маҳаллаҳо, корхонаву идораҳо новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ таҳия гарданд.                Ҳамзамон, баҳри дар ҳолати хуби санитариву экологӣ нигоҳ доштани нуқтаҳои хизматрасониву бозорҳои пойтахт ба хадамоти марбутаи назорати давлатии шаҳрӣ супориш дода шуд, ки фаъолиятро тақвият бахшида, фарҳанги шаҳрнишинӣ, қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитариро дар шаҳр риоя намоянд. Дар ин хусус, котиби матбуотии Раиси шаҳр Шавкат Саидов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.  

Апрель 28, 2009 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд