ФЕДЕРАТСИЯИ САМБОИ ОСИЁ БА ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН МИННАТДОРӢ ИЗҲОР НАМУД
Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Раиси Федератсияи самбои Осиё Фазлиддин Пӯлодов ва муовини он Саид Аҳмадҷонов дар Тошканд бо Сафири кабири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бобохон Маҳмадов мулоқот карданд. Раиси Федератсияи самбои Осиё ба сафири Тоҷикистон ба унвони Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон номаи сипос супорид. Дар он барои сатҳи баланди ташкили мусобиқоти нахустини қаҳрамонии самбо дар Осиёи Марказӣ изҳори миннатдорӣ карда мешавад. Сафири Тоҷикистон зимни сӯҳбат ба тадбирҳои минбаъдаи таҳкими ҳамкорӣ дар бобати рушди варзиш, аз ҷумла, самбо чи дар минтақа ва чи дар қитъаи Осиё мароқ зоҳир намуд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки рӯзҳои 28 — 29 март дар шаҳри Хуҷанд мусобиқоти нахустини қаҳрамонии Осиёи Марказӣ аз рӯи намуди самбо баргузор гардид. Дар он аз Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бештар аз сад нафар варзишгар иштирок дошт. Дар мусобиқа самбочиёни тоҷик 6 медали тилло ба даст оварда, ҷои аввалро ишғол намуданд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






