ФИЛМИ «ШАЙХ КАМОЛ» РӮИ НАВОР МЕОЯД
Душанбе, 16 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Коргардони шинохтаи эронӣ Исмоили Барорӣ ният дорад, ки дар бораи шоири машҳури қарни 13-и тоҷик Камолиддин ибни Масъуд Хуҷандӣ (1318 — 1391) филмеро таҳти унвони «Шайх Камол» ба навор бардорад. Ӯ тасмим гирифтааст, ки дар филми мазкур саргузашти шоири шинохтаю ширинкаломи тоҷик Хоҷа Камоли Хуҷандӣ аз таваллуд то марг ва сафарҳои ӯ аз Хуҷанд ба Макка ва аз онҷо то Табрез рӯи навор биёрад. Исмоили Барорӣ мегӯяд, ки филми мазкур дар зарфи ду сол ба наворгирифта шуда, саҳнаҳои он дар Тоҷикистон, Эрон ва Арабистони Саудӣ бо иштироки ҳунармандони тоҷику эронӣ ва араб наворбардорӣ карда мешавад. Мавсуф афзуд, ки филми «Шайх Камол» бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ба маблағи қариб 1 миллион доллар сохта мешавад. Ба гуфтаи муҳаққиқи тоҷик Шоҳмансури Шоҳмирзо, дар сурати ба наворгирифтани филми «Шайх Камол», он аз ҷониби тамошобинон хуб истиқбол гирифта шуда, форсизабонон маҳбубияти хосае пайдо хоҳад кард. Бояд тазаккур дод, ки Шайх Камоли Хуҷандӣ, ки дар адабиёти классикии тоҷику форс бо тахаллуси «булбули шуридаи Хуҷанд» машҳур аст, дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба дунё омада, дар қарни 13 ҳангоми истилои муғулҳо тарки ватан намуда, баъди ғарибиҳо ба шаҳри Табрез меравад. Дар Табрез то охири умр зиндагӣ намуда, дар ҳамон ҷо аз олам гузаштааст. Алҳол мақбараи ӯ дар шаҳри Табрез буда, зиёратгоҳи аҳли илму адаби ҷаҳон аст.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






