ФОНДИ КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ БО КИТОБҲОИ НОДИР ПУРРА ГАРДИД
Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Мушовири давлатии Президенти ҶТ оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев аз китобхонаи шахсии худ ба Китобхонаи миллии ба номи А. Фирдавсӣ адабиёти гуногунро 2000 нусха тақдим намуд. Дар маросими супоридани китобҳо директори Китобхонаи миллӣ Шариф Тошев ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд. Дар баромади худ Шариф Тошев таъкид сохт, ки китобҳои мазкур илмӣ буда, дар он Энсиклопедияи Британияи Кабир дар 30 ҷилд, «Тафсири Табарӣ» дар 3 ҷилд, луғатномаи Деҳхудо ва дигар китобҳои нодир, ки фонди норасоии китобҳоро пурра мегардонад, ҷамъ оварда шудаанд. Бояд тазаккур дод, ки аз аввали сол аз тарафи вазорату идораҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва шахсони алоҳида барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти хонандагон қариб 5 ҳазор китоб ба китобхона ворид гардид.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






