ГУФТУШУНИД БАРОИ ТАШКИЛИ САФАРҲОИ ҲУНАРӢ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН
Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Директори генералии Муассисаи давлатии ташкили консертҳо ва сафарҳои ҳунарии «Базморо» Олим Акрамов имрӯз барои боздиди корӣ ба шаҳри Тошканд рафт. Вай бо роҳбарияти муассисаи ҳунарии «Ӯзбекнаво» дар масъалаи ташкили консертҳо ва сафарҳои ҳунарии ҳунарпешагони тоҷику ӯзбек ба мамлакатҳои ҳамдигар гуфтушунид хоҳад кард. О.Акрамов қабл аз сафари Тошканд ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки 20 май дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе консерти овозхони машҳури Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков баргузор мегардад. Ғайр аз ин, моҳи май гурӯҳи ҳунарии симфонӣ таҳти роҳбарии сардирежёр Далер Тиллоев барномаи нави консертиро пешкаши тамошобинон хоҳад гардонд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






