ГУМРУК НАҚШАРО ИҶРО НАКАРД

Апрель 30, 2009 10:00

                  Душанбе, 30 апрел. ( АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба иттилои муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Неъмат Раҳматов, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ бо сабаби таъсири бӯҳрони молиявӣ гардиши савдои хориҷии кишвар ба миқдори 228,9 млн. доллари амрикоӣ кам гардидааст. Ин аст, ки воридоти маблағ ба буҷаи кишвар дар ин муддат ҳамагӣ 75,2 фоиз иҷро гардидааст.                 Боиси таассуф аст, ки ҳуқуқваронкуниҳои гумрукӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар давоми се моҳи соли 2009 зиёд гардидааст. Агар дар се моҳи соли 2008 1230 ҳодисаи қонуншиканиҳои гумрукӣ ба қайд гирифта шуда бошад, дар се моҳи соли 2009 он ба 1449 адад расидааст.                 Дар ин муддат ба 1415 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниии маъмурӣ тартиб дода шуда аз онҳо ба андозаи 1 млн. 300 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.

Апрель 30, 2009 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад