ХУҶАНД ВАСЕЪТАР МЕГАРДАД
Хуҷанд, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Як қисми ҳудуди хоҷагиҳои ба номи Саидхӯҷа Урунхоҷаев, ба номи Абдулло Раҳимбоев, ба номи Раҳмон Набиев ва «Сирдарё» — и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки масоҳати умумии он 954 гектар мебошад, ба шаҳри Хуҷанд ҳамроҳ карда мешавад. Қарори раиси ноҳияро дар ин масъала вакилони маҷлиси вакилони халқи ноҳия чанд рӯз пеш маъқул донистанд. Бояд гуфт, ки лоиҳаи қарори мазкур ҳанӯз соли 2000 тайёр карда шуда буд. Раиси Кумитаи заминсозии шаҳри Хуҷанд Ҳ.Ҳайдаров ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки бо сабаби зиёд гардидани шумораи аҳолӣ зарурати васеътар сохтани масоҳати маркази вилоят ба миён омад. Акнун масоҳати умумии шаҳри Хуҷанд қариб 4 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо ояндаи наздик корхонаҳои нави саноатӣ, минтақаи озоди иқтисодӣ ва маҳаллаҳои нави истиқоматӣ бунёд карда мешаванд, гуфт Ҳ.Хайдаров.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






