ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ «ТАҶАМ» МЕАФЗОЯД
Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- тибқи иттилои иҷрокунандаи вазифаи директори Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи «ТаҷАм» Игор Умаров, дар корхона истеҳсоли 16 навъи маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Маҳсулоти серталаби корхона айни замон оби ҷав, ғӯлачаҳои ҷуворимакка, обҳои газнок мебошанд. Дар соли 2008 баръакси боло рафтани нархи маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии шаҳр нархи махсулоти «ТаҷАм» боло нарафт, ки ин муваффақияти истеҳсолотчиён дониста шуд. Корхона дар соли ҷорӣ бо зиёд намудани маҳсулот нархи онро як баробар кам карданист. Ба замми ин, корхона 40 фоиз ҷои нави кориро зиёд мекунад. Ба гуфти И. Умаров, дар сурати дастгирии шаҳрдорӣ корхона имкон дорад 10-15 нуқтаи савдо бо ороишҳои зебои миллӣ таъсис дода аз миёнаравҳое, ки махсулоти корхонаро бо нархи дучанд зиёд ба харидорон пешкаш мекунанд, раҳо ёбад.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






