ИТТИҲОДИ АВРУПО КӮМАКҲОИ ХУДРО БА ТОҶИКИСТОН АФЗОИШ МЕДИҲАД
Душанбе, 8 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Иттиҳоди Аврупо омода аст, ки дар оянда кӯмакҳои зиёде ба Тоҷикистон расонад ва ин кӯмакҳо бояд аз ҷониби давлати Тоҷикистон самаранок истифода бурда шавад», гуфт Роҳбари ҳайати парлумони Аврупо хонум Она Юкнявичене дар нишасти чоруми намояндагони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони Аврупо, ки нимаи дуюми 7 апрел дар Душанбе баргузор гардид. Она Юкнявичене афзуд, ки кӯмакҳое, ки дар соли равон аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ расонида мешавад, 30 фоизаш ба Тоҷикистон рост меояд. Ҳамчунин, зикр шуд, ки Иттиҳоди Аврупо аз соли 1994 ба Тоҷикистон беш аз 550 миллион евро кӯмак расонидааст. Дар соли 2010 бошад Иттиҳоди Аврупо боз 65 миллион евро кӯмак хоҳад расонид.Дар нишаст вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории парлумони Тоҷикистон ва парлумони Аврупо дар бахшҳои иқтисодию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва гуманитарӣ баррасӣ гардид. Узи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Мамадшо Илолов ба сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо парлумони Аврупо ва мавқеи Иттиҳоди Аврупо дар таъмини амнияти ҷаҳон баҳои баланд дод. М. Илолов хостори ҳар чӣ зудтар ба тасвиб расонидани Созишномаи ҳамкорӣ миёни парлумони Тоҷикистон ва парлумони Аврупо гардид, ки он соли 2004 ба имзо расида буд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






