КОНФРОНС БАХШИДА БА СОЛИ БУЗУРГДОШТИ ИМОМИ АЪЗАМ

Апрель 25, 2009 10:55

               Душанбе, 25 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшода Ҷонмардова). — 23 апрели соли ҷорӣ дар Хадамоти давлатии назорат дар сохтмон ва меъмории назди Агентии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 1310 -солагии Имоми Аъзам конфронс баргузор гардид.                Дар конфронси мазкур роҷеъ ба паҳлӯҳои мухталифи ҳаёт ва фаъолияти Имоми Аъзам Мукаррам Музаффаров маърӯза кард.                Дар фарҷоми конфронс байни иштирокчиёни он оид ба фиқҳи Абӯ Ҳанифа ва саҳми Имоми Аъзам дар рушди мазҳаби ҳанафия табодули афкор сурат гирифт.                 Ёдовар мешавем, ки соли ҷорӣ бо ибтикори Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон шудааст.

Апрель 25, 2009 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад