ЛОИҲАИ СОЗИШНОМАИ МУБОДИЛАИ МАЪЛУМОТ МАЪҚУЛ ДОНИСТА ШУД
Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз дар Ашқобод маҷлиси навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои ИДМ баргузор гардид. Дар он вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ иштирок дошт. Рӯзномаи маҷлис бештар аз 20 масъаларо дар бар мегирифт. Дар он лоиҳаи ҳуҷҷатҳо дар бораи афзун гардондани нақш ва густариши ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ ва нақшаи тадбирҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ барои солҳои 2009 — 2010 муҳокима шуданд. Вазирон ҳисоботи гурӯҳи таҳиякунандаи пешниҳодҳоро дар бораи мувофиқа сохтани сиёсати давлатҳои ИДМ дар соҳаи муҳоҷират шунида ва баррасӣ намуданд. Дар маҷлис дар бораи тасдиқи нақшаи тадбирҳои такмили минбаъдаи фазои умумии маърифатӣ ва ҳамкории давлатҳои ИДМ дар соҳаи маориф то соли 2010, Соли ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ эълон намудани соли 2010, қарори давлатҳои Иттиҳод дар бораи созмонҳои ветеранҳои ҷанг қабул карда шуданд. Иштирокчиёни маҷлис бо мақсади равнақу ривоҷи минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи маълумот барои тақвияти мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ лоиҳаи созишномаро дар бораи дастраси ҳамдигар гардондани маълумот дар бораи мубориза ба муқобили ҷиноят маъқул донистанд. Тарҷумон — Қудратов А.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






