МАҚОМИ БМ ВА БТ ДАР ИДОРАСОЗИИ БӮҲРОНИ МОЛИЯВӢ

Апрель 4, 2009 11:50

                  Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 3 апрел ҳайати Бонки рушди Осиё, ки аз 1 апрели соли ҷорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мулоқоту вохӯриҳо бо як каттор бонкҳо дар мавзӯи «Мақоми бонки марказӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ дар идорасозии бӯҳрони молиявӣ» ташриф овардаанд, бо роҳбарияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» мулоқот намуданд.                   Аз Хадамоти матбуот ва рекламаи БДА ҶТ «Амонатбонк» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни мулоқот миёни мушовири БРО Арне Боруб Петерсон бо Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов ва дигар шахсони расмӣ атрофи таъсир ва чораҳои пешгирии бӯҳрони иқтисодию молиявӣ ва вазъи имрӯзаи сохтори «Амонатбонк» сӯҳбати пурмӯҳтаво сурат гирифт.                  Инчунин, дар мулоқоти мазкур вазъи имрӯзаи кишоварзӣ, саноату тиҷорат ва дигар соҳаҳои асосии иқтисодиёти      Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор гирифт. Ҷонибҳо дар анҷоми мулоқот аз ҳамкориҳои самарабахш ва ояндасози ҳар ду тараф дар оянда ибрози андеша карданд.                  Қайд кардан ба маврид аст, ки мутахассисони «Амонатбонк» ҷиҳати пешгирии бӯҳрони милиявию иқтисодӣ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоту ташкилотҳои ҷумҳурӣ як идда чорабиниҳоро ба нақша гирифта, фаъолияти рӯзмарраи сохторҳои бонкро дар маҳалҳо аз рӯи онҳо ба роҳ мондаанд.    

Апрель 4, 2009 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд