ММД НИСБАТ БА ҲАМИН ДАВРАИ СОЛИ ГУЗАШТА 3,5 ФОИЗ АФЗОИШ ЁФТ

Апрель 28, 2009 10:20

                Душанбе, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳачми номиналии он 3312,5 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда ба ҳар як сари аҳолӣ 446 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,6 фоиз зиёд гардидааст», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 27 апрел, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонулло Ашӯр.                 Ӯ афзуд, ки болоравии рушди иқтисодиёт дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ асосан аз ҳисоби зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ -108,7 фоиз, фаъолшавии сармоягузорӣ — 1,5 маротиба, инчунин баланд шудани талаботи истеъмолӣ ба мол ва хизматрасониҳо дар бозори дохилӣ — мутаносибан 116,2 фоиз ва 104,5 фоиз ба амал омад. Бояд гуфт, ки дар ин давра даромади буҷет дар сатҳи 86,4 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 977,1 млн. сомонӣ ворид гардид. Нақшаи воридоти андозҳо ба буҷети давлатӣ 86,4 фоиз иҷро гардида, 812.1 млн. сомониро ташкил дод.                Гуфтанист, ки музди миёнаи номиналии як коргар дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ 283.9 сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,1 фоиз зиёд аст. Музди меҳнати ҳақиқӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,4 фоиз афзоиш ёфтааст.               Дар фарҷом А. Ашӯр ва дигар муовинони вазиру сардорони раёсатҳои вазорат ба саволҳои хабарнигорон посух доданд.  

Апрель 28, 2009 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ