МОШИНРОНИИ НОБОЛИҒ БОИСИ МАРГ ШУД
Душанбе, 25 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Тавре ба АМИТ «Ховар» корманди дафтари матбуоти БДА шаҳри Душанбе майор Мирзохон Саидов иттилоъ дод, ронандаи автомашинаи «Оpel — Аstra», рақами давлатиаш ВК 98 08 РТ 01 ноболиғ Шеравган Носиров, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, хонандаи синфи 6, мактаби миёнаи рақами 77, ҳангоми ҳаракат дар майдончаи варзишии мактаби зикршуда пиёдагард, ноболиғ Ҳусниддини Хуршед, соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, хонандаи синфи 5, мактаби миёнаи рақами 77-ро зада аз пой меафтонад. Ҷабрдида зарари сахти ҷисмонӣ бардошта ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ҳалок мегардад. Соҳиби автомашинаи мазкур Маҳмадалӣ Бердиев, соли таваллудаш 1986, истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ, хоҷагии Ҳосилот мебошад. Тафтишоти воқеа идома дорад.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






