МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО К. БОҚИЕВ

Апрель 28, 2009 11:18

               Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ва бо Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммедов мулоқот намуд.               Дар вохӯрӣ бо Қурмонбек Боқиев масоили ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамсоягии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд.               Таваҷҷӯхи махсус ба фаъолияти ҳамоҳангу якҷояи ду кишвар дар ҳаллу фасли масоили минтақавии вобаста ба истифодаи захираҳои обӣ ва ҳамкориҳои нақлиётию коммуникатсионӣ зоҳир карда шуд.               Зикр гардид, ки сохтмони роҳи байналмилалии мошингарди Душанбе- Рашт- сарҳади Қирғизстон ва пайвастани он бо Қазоқистону Чин аз як ҷониб ва бо Афғонистон аз ҷониби дигар ба манфиати ҳарду кишвар буда, ҳамчунин ба рушди ҳамкориҳои минтақавӣ мусоидати фаъол мекунад.               Сарони ду давлат ҳамчунин ба бунёди роҳи оҳан дар ҳамин масир изҳори хавасмандӣ карданд.               Дар вохӯрӣ бо Гурбонгули Бердимуҳаммедов гуфтугӯйи судманд атрофи кулли масоили вобаста ба муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон сурат гирифт.                Сарони ҳарду давлат омодагӣ ва ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариши ҳамкориҳо, аз ҷумла дар самти додугирифти нерӯи барқ, маҳсулоти нафтӣ ва алюминийи аввалия таъкид намуданд.                Мубодилаи афкор ҳамчунин оид ба истифодаи босамари захираҳои обии минтақа ва чораандешӣ баҳри сабук намудани мушкилоти ҳавзаи баҳри Арал сурат гирифт.                Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Апрель 28, 2009 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд