МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО М. БУЕНДИА

Апрель 22, 2009 13:13

                  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави Ватикан дар Тоҷикистон Мигел Маури Буендиа эътимоднома қабул намуд.                  Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво, ки миёни онҳо баъди супурдани эътимоднома сурат гирифт, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Мигел Маури Буендиа оид ба ҳамкории Тоҷикистону Ватикан гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.                  Сӯҳбат асосан атрофи мавзӯъи гуфтугӯи миёни дину тамаддунҳои гуногуни ҷаҳон ва ҳуқуқу озодиҳои инсон сурат гирифт. Ғояҳои сулҳ, накукорӣ ва адолат, ки аз ҷониби намояндагони тамоми дину фарҳангҳо мавриди арҷгузорӣ қарор мегиранд, аз омилҳои асосии дӯстию ҳамкории миёни халқҳои гуногун ва эҳтирому таҳаммулпазирӣ маънидод гардид.                  Таъкид карда шуд, ки эътиқоди динӣ ва ҳамкории намояндагони дину мазҳабҳои ҷаҳон, пеш аз ҳама бояд ба мубориза бо чунин хатару мушкилоти аҳли башар чун терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳамчунин ба дастгирии бенавоёну муҳтоҷон равона гардад.                   Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар Тоҷикистон намояндагони тамоми динҳои ҷаҳонӣ озодона кору зиндагӣ карда, маросимҳои динию эътиқодии худро бемониа анҷом медиҳанд, аз ҷумла ибодаткунандагони 3 муассисаи мавҷудаи Калисои римӣ-католикӣ.                   Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Апрель 22, 2009 13:13

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад