МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО Н. БОРДЮЖА

Апрель 24, 2009 14:01

             Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кули Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт.             Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон ва болобарии минбаъдаи нуфузу эътибори он дар арсаи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.Таваҷҷӯҳи махсус ба ҳалли масоили ҳуқуқии ташкилдиҳӣ, ҳайат, фаъолият ва мавриду рохҳои истифодаи Нерӯҳои дастаҷамъии зудамал зоҳир карда шуд.              Масоили ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ ва омода кардани кадрҳои низомӣ барои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон низ аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.              Мубодилаи судманди афкор ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистон ва минтақа сурат гирифт.              Хотиррасон бояд кард, ки ҳамаи ин ва дигар масоил дар мулоқоти ояндаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Маскав баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Апрель 24, 2009 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд