МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО Я. БАЛЛА
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Венгрия дар Тоҷикистон Янош Балла эътимоднома қабул намуд. Дар сӯҳбат бо Янош Балла, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва мазмуни робитаҳои сиёсии Тоҷикистону Венгрия изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид бар он дошт, ки дар марҳилаи кунунии рушди муносибатҳои ду кишвар ба густариши равобити иқтисодӣ низ бояд таваҷҷӯҳи бештар зоҳир гардад. Сафири нави Венгрия Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бовар кунонд, ки баҳри мавриди истифода қарор додани имкону захираҳои фаровони ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва савдо ва илму фарҳанг ҷаҳду талош мекунад. Соҳаҳои кишоварзӣ, гидроэнергетика, дорусозӣ ва саноати сабуку хӯрокворӣ аз самтҳои афзалиятнок барои рушди ҳамкориҳои минбаъдаи иқтисодӣ арзёбӣ гардид. Зимни баррасии авзои кунунии Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ Янош Балла ба нақши Тоҷикистон дар таъмини амнияту суботи минтақа ва барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон баҳои баланд дода, омодагии кишвари худро ба густариши робитаҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманд таъкид намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






