МУЛОҚОТИ ТОҶИКШИНОСОНИ ОЯНДАИ РУСИЯ БО ТОҶИКОНИ МУҚИМИ МАСКАВ
Маскав, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Ҳушқадамова). — Дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» — и пойтахти Русия мулоқоти роҳбарону кормандони «Иттифоқи тоҷикистониёни Русия» бо донишҷӯёни соли дуюми Донишкадаи мамлакатҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов баргузор гардид. Донишҷӯёни донишкадаи мазкур таърихи халқи тоҷик ва забони тоҷикиро меомӯзанд. Раиси «Иттифоқи тоҷикистониёни Русия» Абдулло Давлатов донишҷӯёнро ба ҷамъомадагон шинос карда, зикр намуд, ки аз ҳамин соли таҳсил сар карда, дар Донишкадаи мамлакатҳои Осиё ва Африқо забони тоҷикӣ ҳамчун фанни алоҳида омӯхта мешавад. Донишҷӯ Иван Рискал аз номи ҳамкурсонаш ба тоҷикистониён барои пазироии самимона миннатдорӣ баён карда, зикр намуд, ки дар давоми 8 моҳи таҳсил забони тоҷикиро омӯхта ва бо таърихи Тоҷикистон шинос гардидааст. Ҳамкурсони Иван Денис Нафиқов ва Даря Еремеева бо забони тоҷикӣ дар бораи шароити таҳсил, таърихи Тоҷикистон ва табиати зебоманзари он сухан ронданд. Дар мулоқот мушовири сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Т.Юнусов, директори Қасри миллатҳои Маскав П.Лемперт, раиси Шӯрои нашрияи назди Қасри миллатҳои Маскав Д.Содиқбоев ва дигарон ширкат варзиданд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






