МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ФИЛИППИН ГУСТАРИШ МЕЁБАНД
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз эътимодномаи сафири кабири Филиппин дар Тоҷикистон Ҷейм Ямбаоро қабул намуд. Сафир баъди анҷоми мулоқоташ бо Президент зимни сӯҳбати мухтасар бо хабарнигорон зикр кард, ки муносибатҳои ҳар ду мамлакатро таҷдиди назар карда, ҳамкории онҳоро дар ҳамаи соҳаҳо вусъат бахшидан зарур аст. Барои ин пеш аз ҳама ҳайатҳои воломақоми Тоҷикистону Филиппин бояд ба мамлакатҳои ҳамдигар ташриф оварда, бо шароиту имкониятҳои онҳо шинос шаванд. Мо бояд пеш аз ҳама муносибатҳои тиҷоратиро ривоҷ диҳем. Мо мехоҳем таваҷҷӯҳи соҳибкорону тоҷирони тоҷикро ба бозори моли Филиппин ҷалб намоем. Зеро Филиппин бештар аз 90 миллион нуфус дорад ва корхонаю ширкатҳои мамлакат талаботи ҳамаи онҳоро таъмин менамоянд. Қайд карда шуд, ки Филиппин узви созмони мӯътабари байналхалқии Иттиҳоди ҳамкории давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ буда, дар бобати равнақу ривоҷи хариду фурӯши мол дар минтақа нақши муҳим мебозад. Сафир зикр намуд, ки лоиҳаи созишномаҳои ҳамкории Филиппин ва Тоҷикистон дар масъалаҳои сарфи назар кардани андозгирии дубора ва ҳифзи сармоя таҳия карда мешаванд ва ояндаи наздик имзо карда хоҳанд шуд.