НАМОИШИ АСАРҲОИ РАССОМ ДАЛЕР МИҲТОҶЕВ
Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Тимур Бандишоев).- Пагоҳ дар пойтахт, намоиши асарҳои рассом Далер Миҳтоҷев кушода мешавад. Ташкилкунандаи он намояндагии агентии ҳамкории байналхалқии Швейтсария дар Тоҷикистон мебошад. Далер Михтоҷев соли 2001 коллеҷи ҳунарҳои бадеии ба номи М. Олимов ва соли 2006 Донишкадаи давлатии ҳунарҳои зебои бо номи М. Турсунзодаро бо ихтисоси «рассомӣ» хатм намудааст. Вай аз соли 2001 то соли 2005 рассоми басаҳнагузорандаи телевизиони ҷумҳурӣ ва киностудияи «Тоҷикфилм» буд. Аз соли 2006 ба шогирдони коллеҷи ҳунариву бадеии ба номи М. Олимов дарс медиҳад. Аз соли 2005 Далер Михтоҷев узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон буда, дар бисёр намоишгоҳҳои ҳунарии ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ ширкат варзидааст.








Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид






