НАСБИ ЛАВҲАҲОИ МАХСУС ДАР ИСТГОҲҲОИ ПОЙТАХТ

Апрель 4, 2009 11:52

                Душанбе, 4 апрел.(НИАТ «Ховар», Марзия Саидова).-Минбаъд дар истгоҳҳои мусофиркашонии пойтахт лавҳаҳои махсус, ки фосилаи ҳаракати нақлиёти мусофирбариро дар шаҳр ба танзим медароранд, насб карда мешаванд.                Назар ба иттилои муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдуҳомид Шералиев, ҳадаф аз андешидани ин иқдом ба танзим даровардани ҳаракати хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳр ва хизматрасонии саривақтию босифат ба мусофирон аст.                Бояд зикр кард, ки фосилаи ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт аз ҷумла, автобусҳо аз 3 то 6 дақиқа буда, дар ҳар 12 дақиқа як автобус дар хатсайри вобасташуда ба ҳаракат мебарояд. Дар маҷмӯъ дар шаҳр беш аз 500 адад автобусу троллейбус аз соати 5- 30 дақиқаи субҳ то 23 шаб ба мусофирон хизмат мерасонанд.                Алҳол дар пойтахт қариб 500 истгоҳ вуҷуд дорад, ки баъзеи онҳо таъмирталаб, баъзеи дигараш дар ҳолати азнавсозию таҷдид қарор доранд.

Апрель 4, 2009 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд