НИШАСТИ МАТБУОТӢ ҚОЛАБӢ НАБУД

Апрель 28, 2009 14:36

                   Душанбе, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ аз намоишномаи «Чароғи Ҳидоят», ки ба соли бузургдошти Имоми Аъзам Абуҳанифа ибни Собит бахшида шуда буд, оғоз ёфт. Намоишнома аз касбияти волои ҳунарпешагони театри халқии ноҳия гувоҳӣ дод. Ин худ нишони он буд, ки мардуми ин сарзамин на фақат аз касби бобоии худ- кишоварзӣ, балки аз фарҳанги ҳазорсолаи гузаштагони худ низ баҳраваранд.                    Аз иттилооти дар нишасти матбуотӣ додаи раиси ноҳия Мансур Қодиров маълум гардид, ки фаъолияти кори корхонаю муассисаҳо дар асоси талаботи дурнамои мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳия ба роҳ монда шуда, амалӣ гардидани нақшаҳо дар ҳамкории идораю ташкилт, корхонаю муассисаҳо таҳти назорати бевосита карор ёфтааст.   Истеҳсоли маҳсулоти ноҳия ба 18 млн. 993 ҳазор сомонӣ расонида шуда бошад ҳам, камбудиҳои зиёде дар соҳаи маориф, тиб, коммуналии ноҳия ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ошкор карда шуд, ки вобаста ба бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда қарорҳои мушаххас қабул гардид.

Апрель 28, 2009 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд