ОПЕРАТОРОНИ МОБИЛӢ ДАРОМАДИ ЗИЁД МЕГИРАНД?

Апрель 28, 2009 17:06

                  Душанбе, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Аз вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки фарогирии алоқаи барқи дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 4,5 муштарӣ ба 100 нафар аҳолиро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,3% зиёд мебошад. Даромад аз фаъолияти ҶСК «Тоҷиктелеком» — 17,8 миллион сомониро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 32,6% коҳиш ёфтааст. Дар ин давра ба 323575 муштарӣ хизмат расонида шуд.                  Фарогирии алоқаи мобилӣ бошад дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 маротиба зиёд шудааст.Дар ҷумҳурӣ 10 ширкати мобилӣ (Вавилон-мобайл, ТК-мобайл, Индиго Тоҷикистон, Вавилон — Т, ТТ — mobile, М — теко, Сомонком, Таком, Телеком ИНК, Телеком технолоджи) фаъолият доранд, ки даромад аз фаъолияти онҳо дар давраи ҳисоботӣ- 229,1 миллион сомони-ро ташкил дод, яъне ба андозаи 1,5 баробар нисбат ба соли 2008 зиёд гашта, ба 3749216 муштарӣ хизмат расонида шудааст.

Апрель 28, 2009 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд