ПАХШИ БАРНОМАҲОИ «РТР – ПЛАНЕТА» ДАР ТОҶИКИСТОН ДАВОМ ДОДА МЕШАВАД
Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдураҳмон Абдуманнонов дар ҷараёни нишасти матбуотӣ изҳори умед кард, ки пахши барномаҳои шабакаи телевизионии «РТР — Планета» дар Тоҷикистон ояндаи наздик аз нав шурӯъ хоҳад шуд. Вай зикр кард, ки ҷониби Тоҷикистон ба гуфтушунид бо намояндагони ширкати телевизионии Русия ҳамеша тайёр аст. Дар акси ҳол ширкатҳои дигари телевизионие ҳастанд, ки барномаҳояшонро ба воситаи басомадҳои мавҷуда дар қаламрави ҷумҳурӣ пахш кардан мехоҳанд, гуфт вай. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки пахши барномаҳои шабакаи телевизионии Русия дар каламрави Тоҷикистон 2 март боздошта шуда буд. 2 апрел шартномаи ҳамкории Тоҷикистону Русия дар масъалаи пахши барномаҳои шабакаи «РТР — Планета» ба таври якҷониба бекор карда шуд.








Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд






