ПАЙВАНДҲОИ ФАРҲАНГИИ КИШВАРҲОИ ФОРСИЗАБОНРО «ИРФОН» ЧОП КАРД

Апрель 11, 2009 11:50

                 Душанбе, 11 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Нашриёти «Ирфон» маҷмӯаи мақолаҳои илмии устодон ва донишҷӯёни мактабҳои олии се кишвари ҳамзабон — Тоҷикистон, Афғонистон ва Эронро таҳти унвони «Фарҳанг ва омӯзиш дар ҳавзаи тамаддуни иронӣ» аз чоп баровард.                 Китоб бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфоти форсӣ бо теъдоди 500 нусха аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Академияи илмҳои педагогии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи Давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Бунёди эроншиносии тоҷик нашр шудааст. Мураттиб ва муҳаррири масъули он доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафар Сулаймонӣ аст.                Дар маҷмӯа рисолаҳои илмии устодон ва унвонҷӯёни давраи доктории кишварҳои ҳамзабон -Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон гирд оварда шудаанд. Бори нахуст дар ин мақолаҳо мушкилот ва муштаракоти фарҳангӣ ва омӯзишии ҳавзаи тамаддуни эронӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Бештари мақолаҳои ин китоб тибқи пажӯҳишҳои ҷомеашиносӣ анҷом ёфта, нуктаҳои аслии мавзӯъ рисолаҳои илмии донишҷӯёнро дар бар мегирад.                 Маҷмӯаи мазкур барои рушди робитаҳои фарҳангии се кишвар муфид буда, дар таҳкими муносибатҳои илмию фарҳангии ҳавзаи тамаддуни кишварҳои форсизабон нақши муассир мегузорад.

Апрель 11, 2009 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад