ПАРРАНДАПАРВАРӢ РУШД МЕЁБАД
Душанбе, 21 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Дар толори хурди Вазорати кишоварзӣ ҶТ маҷлиси машваратӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти КВД «Саноати паррандаи Тоҷикистон» дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ баргузор гардид . Дар ин ҷамъомад муовини Вазири кишоварзӣ Сиҷовуддин Исроилов, директори генералии КВД «Саноати паррандаи Тоҷикистон» Машокир Назаров, инчунин роҳбарони фабрикаҳои паррандапарварии ҷумҳурӣ, олимони АИК, мутахассисони соҳа ва намояндагони расонаҳои хабарӣ ширкат варзиданд. Тавре директори генералии КВД «Саноати паррандаи Тоҷикистон» М. Назаров иброз дошт, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ шумораи паррандаҳо дар хоҷагиҳои хусусигардонидашудаи соҳа ба 804 343 сар расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 144 753 сар зиёд мебошад. Тибқи ҳисоботи оморӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 1 018 826 сар, аз ҷумла, ВМКБ 83 сар, вилояти Суғд 395 273 сар, вилояти Хатлон 141 775 сар ва ноҳияҳои тобеи марказ 481 695 сар парранда парвариш меёбад. Истеҳсоли тухм бошад, дар хоҷагиҳои паррандапарварӣ ба 25 583 256 дона расонида шудааст, аз ҷумла, вилояти Суғд 8 490 дона, вилояти Хатлон 1 138 800 ҳазор дона, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 15 млн. 303 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2008 — 2 493 180 ҳазор дона зиёд мебошад.








Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






