САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ КОРХОНАҲОИ САНОАТИИ СУҒД ДИДАН МЕКУНАД

Апрель 4, 2009 10:21

                 Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо мақсади шиносоӣ бо вазъи корхонаҳои саноатӣ, пойгоҳҳои обкашӣ ва дигар иншооти обтаъминкунии вилояти Суғд ба ин вилоят сафари корӣ анҷом медиҳад.                Субҳи имрӯз, нахуст Сарвазири мамлакат аз ҶСШК «Новселмаш»-и ноҳияи Спитамен ва пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Зафаробод дидан намуда, бо шарту шароити фаъолият ва вазъи техникии онҳо шинос шуд.                 Нимаи дуюми рӯз Оқил Оқилов аз иншооти ҷашние, ки бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Рӯзи ваҳдати миллӣ дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд бунёд мегардад дидан мекунад.                  Мавриди зикр аст, ки сафари кории Сарвазири ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд то 6 апрел идома ёфта, дар назар аст, ки дар ҷараёни он Оқил Оқилов бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва иншооти обтаъминкунии дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят шинос шавад. Дар фарҷоми сафар Сарвазири мамлакат дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва иншооти обтаъминкунии вилоят машварати корӣ доир хоҳад кард, ки дар он натиҷаҳои сафараш ҷамъбаст карда мешавад.

Апрель 4, 2009 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд