САТҲИ ЗИНДАГИИ АҲОЛӢ ДАР МАДДИ НАЗАРИ ВАЗОРАТ

Апрель 22, 2009 07:54

                Душанбе, 22 апрел, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолияти худро вобаста ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таҳкиму танзими давлатии музди меҳнат, пардохти он, нафақа, мушоракати иҷтимоӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ба танзим даровардани масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар паҳлӯҳои ҳаёти иҷтимоии ҷамъият ба роҳ монда, корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст, -иброз дошт вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ Шукурҷон Зуҳуров ба хабарнигорон дар нишасти матбуотӣ.     Вазир нисбат ба фаъолияти кормандони мақомоти шуғли аҳолии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ барои ба ҷои кори доимӣ таъмин кардани қувваи қобили меҳнат маълумот дод. Дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат кормандони соҳа бо вазорату идораҳо, ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият фаъолияти худро тақвият бахшида, натиҷаҳои хуб ба даст оварданд.                 Аз ҷониби мақомоти вазорат дар вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо 173 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ гузаронида шудааст.                 Дар ин ярмаркаҳо 2681 корхонаю муассисаҳо иштирок намуда ба корҷӯён 65 ҳазору 227 ҷойҳои кори холӣ пешниҳод намуданд. Дар натиҷа 8820 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд, ки як қисми онро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил доданд.                Дар соли ҷорӣ бо сабаби бӯҳрони молиявӣ як қисми маблағи сохтмонӣ кам карда мешавад ва ин муваққатист,-афзуд вазир.                Сипас хабарнигорон атрофи масъалаи доғи рӯз, аз ҷумла роҳҳои баромадан аз бӯҳрони молиявӣ ва тадбирҳои вазорат дар ин бора, ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Апрель 22, 2009 07:54

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд