ШИРКАТИ САХОВАТМАНД

Апрель 24, 2009 15:37

                 Бадахшон, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Ширкати давлатии суғуртаи ВМКБ дар вилоят яке аз ширкатҳоест, ки ба ниёзмандон пайваста мадад мерасонад. Тавре сарвари ин идора Мамадносир Ғуломносиров иттилоъ дод, дар се моҳи соли ҷорӣ аллакай ба маблағи 5200 сомонӣ ба ниёзмандон кӯмаки пулӣ расонида шуд.                   Дар шаҳри Хоруғ С. Дурустов ном ҷавони маҷрӯҳ зиндагӣ мекунад, ки аз ҳар ду пояш маҳрум аст. Дар деҳаи Риваки ноҳияи Шуғнон се нафар хоҳару як нафар бародар, Иброҳимовҳо маҷрӯҳи модарзоданд. Ба С. Дурустов 200 сомонӣ ва ба Иброҳимовҳо 300 сомонӣ имдод расонида шуд.  Чунин нафарон дар ноҳия зиёданд ва мо ба навбат ба ҳар кадоми онҳо мадад мерасонем. Дар ноҳияи Рӯшон 16 хоҷагӣ 2 ҳазор сомонӣ мадад гирифтанд. Соли 2008 бошад ба маблағи 10 ҳазору 800 сомонӣ ба ин одамон ёрӣ расонида шуд.

Апрель 24, 2009 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд