СИПОСГУЗОРИИ САРКОРИ 75-СОЛА

Апрель 8, 2009 15:16

                 Истаравшан, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳусейн Нарзулло). — Дар асоси ҷамъбасти натиҷаҳои хоҷагии халқи вилояти Суғд дар соли 2008 дар соҳаи кишоварзӣ унвони баланди «Беҳтарин ангурпарвари сол» насиби пири 75-сола, Ҳоҷи Ҷӯра Бобоев, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан шуд. Ҷ. Бобоев, ки дар байни халқ, бо номи «Ҷӯра саркор» машҳур аст, зиёда аз 60 сол бо деҳқонӣ сарукор дошта, фарзандону наберагонаш низ пайрави ӯ гаштаанд. Ин пири кор, ки дар тамоми умраш рухсатии меҳнатӣ чист, намедонаду то ба ҳол ба нафақа набаромадааст, имрӯз сарварии хоҷагии деҳқонии «Ҷӯра саркор» — ро ба ӯҳда дорад. Ӯ ҳамчунин вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри мазкур интихоб шудааст. Ӯ ҳамроҳи аҳли оилааш ҳосилнокии ангурро аз ҳар га ба 300-350 сентнерӣ расонд.                 — Қадршиносии мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамаи аъзои оилаи маро водор мекунад, ки дар рушду нумӯъи токпарварӣ дар Истаравшан ҳарчи бештар саҳм гирем, — мегуяд Ҷӯра саркор.                                                                    Таҳрири Жасмин Назарова 

Апрель 8, 2009 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад