СОҲИБИ БАЙРАҚИ САЙЁРИ «МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ»
Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳамасола ба муносибати «Рӯзи пойтахт» даҳҳо коллективи мактабҳо, боғчаҳои бачагона, муаллимон, мураббиён, директорони мактабҳо барои унвонҳои «Мактаби сол», «Синфи беҳтарини сол», «Мураббии сол», «Муаллими сол» мукофотонида мешаванд. Соли ҷорӣ дар «Рӯзи пойтахт» унвони «Синфи беҳтарини сол» ба коллективи синфи 10-и мактаби миёнаи рақами 15-и ноҳияи Шоҳмансур дода шуд. Онҳо ҳамчунин бо байрақи сайёри Маҷлиси вакилони -и шаҳри Душанбе ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд. Ба роҳбари синфи ғолиб ба андозаи 70 сомонӣ, сардори синф-40 ва ба ҳар як хонандаи ин синф аз ҳисоби буҷаи шаҳр 30 сомонигӣ дода мешавад.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






