СОҲИЛҲОИ ДАРЁИ ДУШАНБЕ ТОЗА КАРДА МЕШАВАД

Апрель 13, 2009 10:03

               Душанбе. 13 апрел. «НИАТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Тозагии соҳилҳои дарёи Варзоб дар ҳудуди пойтахт — покизагии виҷдони сокинонаш аст», таҳти чунин унвон 18 апрел дар Рӯзи пойтахт дар соҳилҳои дарёи Душанбе амалиёти тозагӣ гузаронида мешавад.              Назар ба иттилои котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, дар ин хусус раиси шаҳри Душанбе Махмадсаид Убайдуллоев қарор ба имзо расонд. Дар амалиёти тозагии соҳилҳои дарёи Душанбе дар қатори кормандони муассисаю идораҳои пойтахт, ҳамзамон сокинони маҳаллаю шаҳракҳое, ки дар соҳили дарёи Душанбе зиндагӣ менамоянд, ширкат меварзанд. Ин чорабинӣ бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ва тарғиби тарзи ҳаёти солим андешида шудааст.

Апрель 13, 2009 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад