СОЗИШНОМА БА МАБЛАҒИ 1 МИЛЛИОНУ 470 ҲАЗОР ДОЛЛАР
Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, миёни Вазорат оид ба рушди байналмилалии Британияи Кабир, Агентии Швейтсария оид ба тараққиёт ва ҳамкорӣ ва ташкилоти «Кӯмакҳои башардӯстона — ФОКУС» Созишнома оид ба иҷрои лоиҳаи пешгирии хатари обхезӣ ва кандашавии яхи кӯлҳо дар Тоҷикистон ба имзо расид. Бо ин мақсад аз ҷониби Вазорат оид ба рушди байналмилалии Британияи Кабир ва Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ мутаносибан 623-560 ҳазор доллар ҷудо карда шудааст. Мақсади асосии лоиҳа кам кардани хавфи эҳтимолии обхезӣ ҳангоми кандашавии яхи кӯлҳо дар ҷумҳурии Тоҷикистон ва мустаҳкам кардани иқтидори идораҳои давлатӣ, аз қабили Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва Сарраёсати геологӣ оид ба муайян ва бартараф кардани хавфи кадашавии яхи кӯлҳо дар ноҳияҳои кӯҳистони водии Зарафшон, Ҷиргатол ва навоҳии ВМКБ мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад






